Табибони Хатлон дар Ҷопон таҷрибаомӯзӣ карданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз таҷрибаомӯзии табибони навоҳии вилояти Хатлон дар кишвари Ҷопон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, таҷрибаомӯзии табибон дар доираи лоиҳаи JICA дар Тоҷикистон сурат гирифт. Манбаъ зикр кард, ки сол то сол ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи тандурустӣ густариш ёфта истодааст.

Хатарнок ё камдаромад: аз афзоиши силу коҳиши силшинос то иқдоми Ҳукумат барои ислоҳи вазъ

Ин ниҳод афзуд, ки ҳадафи сафари мутахассисони Тоҷикистон омӯхтани  таҷрибаи клиникии кумак дар ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи момодоягӣ, реанематсияи навзодон дар Ҷопон ва бо ин васила баланд бардоштани иқтидори шӯъбаҳои таваллуд дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои вилояти Хатлон, омӯхтани фаъолияти ҳифзи саломатии модару кӯдак тавассути гузариш ба низоми ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвари Ҷопон, иштирок намудан дар нақша-чорабиниҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва инъикоси он дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвар мебошад.

Вазорат илова намуд, ки имрӯз 99,8% таваллуд дар Ҷопон дар муассисаҳои тиббӣ сурат мегирад, ки ин худ далели рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ дар ин кишвар мебошад.

Манбаъ аз қавли иштирокчиёни давраи омӯзиш иттилоъ дод, ки дар муссисаҳои саломатии модару кӯдак дар Ҷопон барои занҳои ҳомила дарсҳои махсус гузаронида шуда, инчунин ба онҳо китобчаи модару кӯдак тақдим карда мешавад.

Тавсифи Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи 24 миллион долларии Оқохон дар Хоруғ

“Қайд гардид, ки мошини ёрии таъҷилии муассисаҳои саломатии модару кӯдак дар ин кишвар бо тамоми таҷҳизоти аввалиндараҷа, ба монанди ташхиси ултрасадо, сабти таппиши дил, кювез, монитор, доплер, оксигенератор, мизи реаниматсионӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин гардида, агар бемор дар ҳолати вазнин ва дар масофаи дур ҷойгир бошад, барои интиқоли он ба беморхона аз чархбол истифода бурда мешавад. Бинобар ин дар болои боми тамоми муассисаҳои саломатии модару кӯдак дар Ҷопон ҷойи нишасти чархбол ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки минбаъд низ дар доираи Лоиҳаи JICA мутахассисони соҳаи тибро барои бозомӯзӣ ба кишвари Ҷопон сафарбар хоҳад намуд.