Пешсафии Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Ҳунарманд ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо гирифтани 30 дарсади овозҳо бо раисҷумҳури кунунии кишвар Петр Порошенко ба даври дуюми интихобот мегузарад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳунарманд ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо гирифтани 30 дарсади овозҳо дар интихоботи президентии Украина пешсаф аст. Дар ин бора РИА Нвости бо такя ба шабакаи "112 Украина" хабар медиҳад.

"Бештари овозҳоро Владимир Зеленский соҳиб шуд. Ба ҷонибдории ӯ 30,7% аҳолӣ овоз додааст. Петр Порошенко, бо гирифтани 18,6% овоз дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар мақоми сеюм - Юлия Тимошенко ҷой гирифтааст. Ӯро 13,9% аҳолӣ дастгирӣ кардааст. Юрий Бойко бо 10,3% дар ҷои чорум, вазири пешини дифоъ Анатолий Гритсенко 7,3%" овозҳоро аз худ кардааст",-омадааст дар хабарнома.

Рақобати рекордӣ: оғози интихоботи президентӣ дар Украина

Чун ягон номзад нисфи овозро нагирифтааст, дар Украина даври дуюми интихобот доир хоҳад шуд.

Рӯзи якшанбе дар Украина интихоботи президентӣ оғоз шуд. Ба ин симмат 39 номзад, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст, пешбарӣ шудаанд..

То имрӯз бар асоси назарсанҷиҳо ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо 30 дарсади овозҳо пешсаф аст. Раисҷумҳури кунунии кишвар Петр Порошенкаро 17 дарсади аҳолӣ пуштибонӣ мекунанд. Раҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенкаро 12,5 дарсади мардум дастгирӣ мекунанд. 

Барои бори аввал дар интихоботи президентии Украина нозирон аз Русия ширкат намекунанд. Маскав бар ин аст, ки иҷоза надодани нозирони ин кишвар ба Киев, қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа мегузорад.

Ҳамчунин ба далели дар ҳудуди Русия ва Донбасс баргузор нашудани интихобот аз 7 то 10 миллион мардум аз овоздиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Президенти Украина ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Комиссияи Маркази интихобот бояд то 10 апрел натиҷаи интихоботро эълом кунад.