ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Гурӯҳи ҷангҷӯёни "Толибон" рӯзи ҷумъа, яке аз минтақаҳои шимолу шарқии Афғонистонро зери тассарруфи худ қарор доданд, дар ин бора шабакаи Ariana News бо такя ба ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин шабака, пас аз задухӯрди 20-соата толибон округи Арганҷро, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, забт кардааст.
Дар ин задухӯрд на кам аз 14 кас аз ҷониби мақомоти қудратии Афғонистон қурбон шудаву на кам аз даҳ кас захм бардоштааст.
Қайд мешавад, ки ҷангҷӯён ҳамчунин пас аз таниш қисме аз аслиҳаи кормандони мақомоти қудратии Афғонистонро аз худ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, толибон рӯзи шанбе аз марги 11 корманди қудратии Афғонистон хабар додаанд.