Раҳмон Қасри ҷавононро дар Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ гузошт

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро ба баҳрабардорӣ расонд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузошт. Дар ин бора хадамоти матбуотии президент менависад.

Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмиру навсозии сохтмон баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуд.

Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

Тавре иттилоъ дода шуд, таъмиру таҷдиди иншооти мазкур моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Бинои Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 0,85 га қомат афрохта, масоҳати умумии он 2273 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Дар таҳхонаи қаср синфи компютерӣ, забономӯзӣ, чевархона, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ — этнографии фалак ҷойгир аст.

Дар ошёнаи дуюм маҳфили ихтироъкорон, меъморон, инчунин омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, толори калони барҳавои намоиш барои 700 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон ҷойгир мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳ намудани зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Қасри ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба ин неруи созанда дар фаъолияташон барору комёбиҳо орзу кардааст.

Аз ҷониби ҷавонони шаҳр барномаи мукаммали фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ ба аҳли ҳунари Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон 54 адад асбобҳои гуногуни мусиқии миллӣ тақдим гардид.