ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Аз аввали солто имрӯз аз Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» иборат аст, 10 ҳазору 870 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.
"Дар ин замина аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии муассиса дар раванди вусъати корҳои ободониву сарсабз гардонидани ҳудуди мавзеи Маҷмаа, инчунин дар самти муаррифии ин мавзеъи таърихӣ ва бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъаи он, бо мақсади муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва ҷалби шумораи бештари сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакат шуъбаи нав – сайёҳӣ ташкил гардид",-омадааст дар хабарнома.
Ин шуъба имрӯзҳо бо якчанд ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Ориент Эдвантур”, “Панҷакент Интур”, “Хуҷанд Помир Тревел”, Ассотсиатсияи тараққиёти Зарафшон ва “Тоҷикистон Тревел” ҳамкории судманд дорад.
Инчунин давоми се моҳи аввали соли равон 580 адад сайри илмӣ гузаронида шуда, теъдоди тамошобинони ба ин гуна сайр фарогирифта 3451 нафар ташкил дод. Беш аз 320 нафар меҳмонон аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур мебошанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба мавзеи диққатҷалбкунанда табдил ёфтааст. Танҳо давоми соли сипаригашта аз ҳудуди он беш аз 64 ҳазор нафар бошандагону истироҳаткунандагон дидан намуданд.