Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" президенти Русияро раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пешвоз гирифт.
Духтарони миллипӯши қирғиз низ Путинро бо бӯғурсоқ, гулдаста ва асал пешвоз гирифтанд.
Бӯғурсоқ - хамирлӯндаҳои ширу тухмдори дар равған бирёнкарда аст, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун хӯрдании маросимӣ дар иду тӯйҳо истеъмол мекунанд. Орзуқ ё бурсоқ низ гуфта мешавад.
Интизор меравад, ки Русия ва Қирғизистон дар натиҷаи сафари президенти Русия ва Бишкек изҳороти муштарак ба имзо расонанд.
Пештар дар Кремл гуфта буданд, ки Бишкек ва Маскав ҳамкориҳояшонро тақвият бахшида, бештар аз 25 ҳуҷҷати байнидавлатии нав ба имзо хоҳанд расонид. Бештари онҳо дар рафти сафари Жээнбеков дар моҳи феврал ба Сочи мувофиқа шудаанд.