Қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе боз бе барқ мемонанд

Шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд имрӯз қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои таъмиру навсозӣ барқ хомуш карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 27 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Наврӯз омаду барқ не: гилаи сокинон аз ваъдахилофии “Барқи тоҷик”

Бино бар иттилои шабакаҳои барқи пойтахт, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Ҳосилот, Соҳилӣ, Дарвоз, Алачабоф, Ҷанубӣ (Южная), Чоряккорон, Испечак, Чортут, Бунёдкорон, Чортеппа, Наврӯз, Навобод ва ба кӯчаҳои Панфилов, Чайковский, Фучик, Есенин, Мунзим, Карин Манн, Румӣ, Фузулӣ, Қаҳҳоров ва Набиев қатъ карда мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал низ қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.