ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Баъд аз барқарорсозиву таҷдиди нерӯгоҳзи барқи обии Қайроқум иқтидораш 35 дарсад зиёд карда мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
“НБО Қайроқум лоиҳаи озмоишӣ барои устувории бахши гидроэнергетии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим мебошад”, таъкид намудааст манбаъ.
Таҷдиди нерӯгоҳ дар ду марҳала – дар марҳалаи аввал ду агрегат ва дар марҳалаи дуюм чор агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасон бо маблағи умумии 170 миллион доллари ИМА ба итмом хоҳад расид
Бино бар маълумоти манбаъ, нерӯгоҳи Қайроқумро ширкати GE Renewable Energy таҷдиду навсозӣ хоҳад кард.
“Иқтидори умумии НБО Қайроққум баъд аз навсозӣ 35 дарсад афзоиш ёфта, ба 174 МВт мерасад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти ширкати GE Renewable Energy.
Ширкати GE Renewable Energy эълон намуд, ки бо ширкати “Барқи тоҷик” барои таҷдиду навсозии шаш гидроагрегати НБО Қайроқум созишнома ба имзо расонидааст.
Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум дар Сирдарё дар солҳои 1956-1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум - 126 ҳазор кВт аст.