ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Рӯзи 25-уми марти соли 2019 дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омад, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.
Ӯ дар ин ҷо бо корҳои ободонӣ ошно шудаасту бо қудратиҳо маҷлис гузаронидааст.
Гуфта мешавад, ки дар баробари таъмири ҳуҷраҳои корӣ, даромадгоҳи асосии дохили бино, роҳравҳои чор ошёна ба пуррагӣ ба таври замонавӣ таъмир карда шудаанд, ки Вазир зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст.
Ҳамчунин маҷлисгоҳи хурди тозабунёди Раёсати мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маҷлисгоҳ барои гузаронидани конфронсу семинарҳо мутобиқ карда шуда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
"Дар ҳамин маҷлисгоҳ вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ситоди байниидоравӣ гузаронида, дастуру супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба онҳо расонид",-омадааст дар хабарнома.
Гуфта шудааст, ки дар ин ҷода фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои давлатӣ ба мақсад мувофиқ аст.