ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, шаҳраки низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Кӯлобро ба ихтиёри Тоҷикистон супорад, иттилоъ додааст нашрияи “Известия”.
Бино бар иттилои манбаъ, қарори мазкур ҳамчун ҷуброн барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қабул шудааст.
Вазорати дифои Русия таъкид намудааст, ки тибқи қавонини Тоҷикистон барои иҷораи қитъаи замин дар шаҳраки низомӣ дар шаҳри Кӯлоб бояд 6 миллиард рубл андоз супорад, ки ин ба манфиати ин кишвар набудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб ба минтақаи Лоҳур, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад кучонд.
Ҳамчунин, Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, шаҳраки низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Бохтарро низ ба таври ройгон ба Тоҷикистон супорад.
Манбаъ қайд намудааст, ки қитъаи замин ва амволро Тоҷикистон қаблан ба таври ройгон дар ихтиёри низомиёни Русия гузошта буд. Дар ояндаи наздик ин шаҳрак дубора ба ихтиёри Тоҷикистон баргардонда мешавад.
Тарафи Русия ин иқдомро “мусоидат ба раванди музокироти дӯстона миёни ин ду кишвар” унвон кардааст.
Ёдрас мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.
Тибқи шартномаи ба имзо расида миёни Тоҷикистону Русия пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.