Бори нуҳум мешавад, ки дар ВДНХ Наврӯзро таҷлил мекунанд. Он аз ҷониби созони тоҷикони Маскав баргузор шудаву дар он созмонҳои мардуми узбек, қирғиз, озар, афғон ва дигар миллатҳо ҳам ширкат карданд, Наврӯз дар воқеъ ҷашни фаромиллӣ шуд.
Беш аз сад донишҷӯи тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ҷамъ шуда ба меҳмонон дар саҳни ҳавлӣ намоиши театркунонида нишон доданд. Дар ин намоиш онҳо анъанаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ба меҳмонон намоиш доданд.
Дар қиёс бо соли гузашта майдони ҷашн бузургтару меҳмонон ҳам бештар буданд.
Дар намоишгоҳ меҳмонон бо анъанаҳои гуногуни мардуми Шарқ ошно шуданд. Ба гуфти раиси созмони донишҷӯёни тоҷик Афзал Давлатов, ширкаткунандагон либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ба вижа адабиёти тоҷику эронро, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, намоиш доданд.
Савдои гарм: тоҷикон дар Қатар Маркази фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон мекушоянд
"Аксари одамон чунин мешуморанд, ки Шекспир ва Гомер нависандагони маъруфтаринанад. Вале машҳуртарин шоири замон Умар Хайём аст",-таъкид кард Алексей Афғонов, шоир ва фаъоли ҷамъиятӣ.
Дар баробари оши палав ва намоишгоҳ дар ошёнаи дуюми ВДНХ варзишкорон дар куштингирӣ қувваоззмоӣ карданд.