Ҳукумат 1,5 миллион доллар қарзҳои ширкатҳоро бахшид

Мақомоти Тоҷикистон қарзҳои корхонаҳои кишвар дар ҳаҷми 14 миллион сомониро бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ маблағи 14 миллиону 261 ҳазору 751 сомонӣ (наздик ба 1,5 миллион доллар) андози напардохтаи соҳибкорону ширкатҳо ва ҳамчунон ҷаримаву фоизҳои он аз сӯи давлат бахшида мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ба ширкатҳои воридкунандаи ашёи хом аз пардохти андоз имтиёз дода мешавад

Тибқи тартиби авфи андозҳо, кумита ҳақ дорад қарзи андозеро, ки то 300 ҳазор сомонӣ аст, мустақилона бубахшад. Аммо агар қарзи андоз аз 300 ҳазор сомонӣ бештар бошад, танҳо бар асоси пешниҳоди Вазорати молия ҳукумати Тоҷикистон онро беэътибор эътироф кунад. Худи кумита чунин салоҳият надорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, қарзи умумии корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон дар соли ахир наздик ба 21 миллиард сомонӣ (2,2 миллиард доллар) зиёд шудааст.

Пештар, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ аз афзоиш ёфтани қарзҳои корхонаҳои бузурги Тоҷикистон дар назди ҳукумат изҳори нигаронӣ карда буданд.