ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ширкати "Узбакистон хаво йуллари" парвозҳои робитро тариқи хатсайри Душанбе афзоиш хоҳад дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати ҳавоӣ.
Парвозҳои робит дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд аз 1 апрели соли равон дастрас хоҳад шуд.
“Мусофирон метавонанд тариқи ҳавопаймоҳои ширкат ба Душанбе аз шаҳрҳои Ростов-на-Дону, Красноярск, Новосибирск, Тюмен (Русия), Минск (Белорус), Алмаато, Нурсултон (Остона), Тел-Авив (Исроил), Франкфурт (Олмон), Рига (Латвия) ва Истанбул (Туркия) парвоз намоянд. Дар ҳамин ҳол аз Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ин ширкат мусофирон метавонанд ба самти Истанбул (Туркия), Ню-Йорк (Амрико), Сочи (Русия), Нурсултон (Остона), Алмаато (Қазоқистон) ва Ургенч (Узбакистон) парвоз кунанд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҷадвали хатсайр (бо вақти маҳалӣ)
HY717
Тошканд (23:00) – Душанбе (00:05)
HY 718
Душанбе (01:30) – Тошканд (02:30)
Парвозҳо тарқи ҳавопаймоҳои Airbus A320 сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин парвози озмоишӣ дар масири Душанбе — Тошканд пас аз 25 солро 10 феврали 2017 ширкати "Сомон Эйр" анҷом дод, ки расонаҳо онро "парвози торихӣ" номиданд. Пас аз он қарор буд, парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар 20-уми феврал аз сар гирифта шаванд. Аммо ин парвоз ва парвозе ҳам ки қарор буд 23-уми феврал сурат бигирад, анҷом нагирифтанд.