ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки 1 марти соли равон тасвиб шуд, арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 3 ҳазору 575 сомонӣ баробар шуд.
Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 4 ҳазору 730 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархгузориҳои ҷадид аз моҳи апрел мавриди амал қарор мегиранд.
То ҳол сиёҳ кардани шишаҳои мошини тавлидаш то 31 декабри соли 2004 муодили 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 2 ҳазору 750 сомонӣ ва мошинҳои баъди 1 январи соли 2005 ба 62 нишондиҳанда – 3 ҳазору 410 сомонӣ нарх дошт.
Дар баробари ин Ҳукумат ба шаҳрвандон интихобҳои гуногунро пешниҳод кардааст, ки арзонтаранд. Аз ҷумла соҳибони мошини истеҳсолаш то соли 2005 метавонанд ба ивази 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 1925 сомонӣ танҳо шишаҳои дарҳои паҳлӯии қафо ва шишаи қафоро сиёҳ кунанд. Танҳо барои шишаи қафо арзиши яксолаи сиёҳкунӣ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 385 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои мошинҳои истеҳсолашон баъди 1 январи соли 2005 нархи сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои паҳлӯии қафо ва шишаи қафо 45 нишондиҳанда – 2 ҳазору 475 сомонӣ муайян шудааст. Танҳо шишаи қафо 12 нишондиҳанда – 660 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҳукумат барои воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан ба Тоҷикистон ворид шудаанд, нархи сиёҳ кардани шишаҳоро барои то як моҳ 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои як моҳи тақвимӣ 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар намудааст.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз аввали соли равон 10 дарсад боло рафта, феълан 55 сомониро ташкил медиҳад.