Огоҳ карду маслиҳат не: Песков гуфт, Назарбоев қабл аз истеъфо ба Путин занг зад

Нурсултон Назарбоев қабл аз эълони истеъфояш аз мақоми раисиҷумҳури Қазоқистон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия занг задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Назарбоев чанд соат қабл аз оммавӣ кардани тасмими истеъфояш ба Путин занг зад, иттилоъ дод Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия.

Жириновский аз Назарбоев хост, ба “нурсултонкунонӣ”-и Қазоқистон хотима диҳад

“Нурсултон Абишевич худаш занг зад. Тамосҳои телефонӣ солҳои охир пайваста дар ҳолатҳои зарурӣ сурат мегирифтанд. Чанд соат қабл аз эълонаш низ занг зад”, - иттилоъ дод Песков зимни суҳбат дар барномаи “Москва. Кремль. Путин".

Песков изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик гуфтушуниди раисиҷумҳури Русия бо роҳбарияти нави Қазоқистон аз эҳтимол дур нест.

“Гап сари он аст, ки Қазоқистон шарики бисёр муҳими Русия мебошад ва бидуни шак тамосҳо дар сатҳи олӣ дар ояндаи наздик сурат хоҳанд гирифт”, - афзуд ӯ.

Песков  таъкид кард, ки Назарбоев бо Путин дар мавриди ҷойгузинаш  маслиҳат накардааст, танҳо зарур донист, ки ӯро огоҳ кунад.

Пайравӣ аз Назарбоев? сиёсатшиносҳои Русия дар бораи интиқоли қудрати Раҳмону Лукашенко

“Дар ин маврид ҳатто ҷои гап ҳам нест. Аммо имконпазир ва зарур хонд, ки Путинро чанд соат қабл аз он, ки ин масъала оммавӣ шуд, огоҳ кунад. Ин шояд як навъ қадршиносӣ аз муносибатҳои хуби ду кишвар ва бевосита равобити шахсии Назарбоев ва Путин буд”, - изҳор дошт Песков.

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.