Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Шоми 22 март, шоҳид шудам, ки сардӣ ва барфрезие, ки Маскавро фаро гирифт, натавонист ҳаводорони санъати Далер Назаровро аз шитоб ба консерти овозхони дӯстдоштаашон боздорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳавои ин рӯз аввал нарм буду ба гармӣ майл дошт, вале наздики шом, ки консерт ҳам он замон соати 19:30 баргузор мешуд, ҳаво якбора сард шуду ҳатто чанд муддате барф ҳам борид.

То наздики толори консертӣ расидан дар роҳ ба сӯи "Оркестрион" чанд ҳамватанамонро вохӯрдам, ки аз сардӣ ларзидаву ба толор мешитофтанд.

Гумон кардам, ки аз сардӣ аксари мардум ба консерт ҳозир нашаванд, вале гумонам хом буд. Ба долони толор даромадему чашмам ба анбуҳи мардум расид, ки дар ду қатор яке паси дигаре барои ворид шудан ба толори консертӣ навбат мепоиданд.

Қисме аз мардум либосҳои билоиро ба гардероб месупориданду, қисми дигар дар назди як духтараки зебо ҷамъ шуда буданд. Ин ҷо рӯи миз фиттаҳои Далер Назаров ба фурӯш гузошта шуда буд, ки харидорони зиёде дошт.

Миёни мардум намояндагони миллатҳои гуногун дида мешуд, ҳам тоҷику ҳам русу ҳам қазоқу ҳам қирғиз, чунин менамуд, ки Далер Назаров тавониста бори дигар кишварҳои пасошуравиро якҷо кунад. 

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Ҳама ба толори консертӣ даромаданду ба ҷойҳои худ гузаштанд, ҳис мешуд, ки ин тамошобинон ба хотири гӯш кардани мусиқии асил омадаанд, на барои покӯбию дастҷунбонӣ чуноне дар дигар консертҳо.

Миёни онҳо элитаи фарҳанги Тоҷикистон, коргардони номӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ Давлат Худоназаров, овозхони шинохта Тахмина Ниёзова, овозхони ҷавон Сабрина  Шамсед ва дигарон ҳам буданд.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Пас аз эъломи Аслишо Акимбеков, ки баргузоркунандаи консерт ва муҷрии шоми фарҳангӣ буд, Далер Назаров бо шиму яктаки сиёҳ ва сарпӯши сафед дар даст гулдастае ба саҳна баромаду "Салом дӯстон"-гӯён дастонашро боз карду мардумро ба оғӯш кашид.

Гулдастаи маэстро чун ҳадяи баҳорӣ менамуд, вале чуноне маълум шуд, "ин гулдастаро мухлисе пеш аз оғози консерт ба Далер Назаров тақдим кардааст ва ба ӯ ин гулдаста чунон хуш омадааст, ки онро ҳамроҳаш ба саҳна баровардаву то охири консерт дар наздаш нигоҳ дошт".

"Ҳамаи шуморо бо чунин рӯзи аҷиб муборакбод мегӯям. Баромадан ба саҳна ҳар бор пурҳаяҷонтар мешавад. Мо ин рузи хушро ба баҳор, муҳаббат ва ҳамаи онҳое, ки бо ҳузурашон дар зиндагии мо мусиқию суруд пайдо шуд, мебахшем",-гуфт Далер Назаров.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Тамошобинон бо қарсакҳои пурмавҷ Далер Назаровро пешвоз гирифтанд. Маэстро консерташро бо суруди "Муҳаббат" (Любовь) бо забони русӣ, оғоз кард.

Тимофей ва Катя ба хотири дидани Далер Назаров ба консерт омадаанд. "Мо дар бораи ин ҳунарманд аз дустонамон бисёр шунидаем. Чун хабар шудем имруз консерт дорад ба дидораш шитофтем. Дар воқеъ ҳунарманди асил, сурудҳои тоҷикиро албатта ки намефаҳмем, вале мусиқӣ ба диламон роҳ ёфт",-гуфтанд Тимофей ва Катя дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Далер Назаров гуфт, ки баргузории ин консерт дар нақша ҳам набуд ва тасодуфан чунин вохӯрии ӯ бо мухлисонаш иттифоқ уфтод ва аз дидор бо онҳо бисёр шод аст. "Ин хушбахтист, ки чунин рузҳои дидор насиби мову шумо мешаванд",-гуфт ӯ.

Ногуфта намонад, ки ин консерт тариқи шабакаи YouTube мустақиман пахш мешуд ва Далер Назаров аз мухлисони он ҷониб ҳам фаромӯш накарда бо як меҳрубонии ба худ хос ба онҳо суҳбат мекард. Аксари тамошобинон бошанд, бо телефонҳои ҳамоҳ дар Facebook ва Instagram консертро ба дӯстонашон намоиш медоданд.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Ба консерти Далер Назаров дӯстону пайвандон, мухлисон, ёру ҳамсояҳои маэстро аз шаҳри Маскав ва вилоятҳои назди он омада буданд. Аксари тамошобинон бо хонаводаҳояшон омада буданд. Бузургтарин мухлиси Далер аз 80 гузашта буду хурдтаринаш ҳамагӣ шаш моҳ дошт.

Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

"Мо ҳамроҳи Далер Назаров дар як ҳавлӣ бузург шудем. Вале акнун мо бо хонаводаамон ин ҷо ба сар мебарем. Замоне дар бораи баргузории консерт шунидем, бисёр шод шудему ба роҳи дур нигоҳ накарда, ба ин ҷо омадем. Ман дубора худро дар ватан, Душанбеи азизам дар даврони кӯдакӣ дарёфтам",-гуфт холаи Садоқат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, ки дар яке аз вилоятҳои назди Маскав ба сар мебарад.

Темур Ақназаров як ҷавони муҳоҷири тоҷик мегӯяд аз 13-солагӣ ошиқи мусиқии Далер Назаров ҳаст ва ҳар ҷое, ки консерти ӯ баргузор мешавад, Темур албатта дар он ширкат мекунад. Айни замон чашми Темурро ҷарроҳӣ кардаанд, вале ба вазъи саломатиаш нигоҳ накарда, ӯ ба консерти маэстро омадааст.

"Ман имрӯз худро хушбахттарин инсони дунё эҳсос мекунам. Ҳатто дарди чашмамро ҳам ҳис намекунам, гуё хуб шудам",-изҳор дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Темур.

Ба гуфти баргузоркунандагони консерт Аслишо Акимбеков ва Таня Тихоненко, дар консерти Далер Назаров 500 тамошобинон ҷамъ омада буданд. Ва интихоби толори консертӣ ҳам тасодуфӣ нест.

Далер Назаров аз шӯҳрат, сирри эҷодиёт ва мактабе, ки то ҳол ташкил карда натавонист

"Мо толори "Оркестрион"-ро ба хотири садодиҳии форам интихоб кардем, чун консерти Далер Назаров зинда буд ин толор барои мавҷи овоз роҳат буд",-гуфт Аслишо.

Фазои толори консертӣ бисёр орому дилкаш буд. Далер Назаров сурудҳои нав ва пешина аз қабили "Любовь", "Весла", "Бар сари куи вафоят", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро", "Лунний свет", "Тюлпан"-ро сароиду ҳунари мусиқанавозиашро ҳам ба мухлисон пешкаш кард.

Дар баробари навозиш дар гитор Далер Назаров наю чанг ҳам ба даст гирифт, ки аз ҷониби мухлисон бо кафкубиҳо пазироӣ мешуд.

Ҳар як овозкашиҳои Далер Назаров бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол мешуд. Суруди "Чак чаки борони баҳор"-ро толор бо ҳунарманд ҳамовозӣ кард. Ногуфта намонад, ки Далер Нааров яке аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки бо мухлисонаш тариқи Facebook мустақиман дар робита ҳаст ва аксари сурудҳо, пешакӣ аз ӯ хоҳиш шуда будаанд.

Ҳангоми садо додани суруди "Тоҷикистони азизам, сарзамини камзамин"-и Лоиқ Шералӣ аз чашми аксари тамошобинон ашк равон шуд. Дақиқаҳои бисёр пурэҳсос буданд. Чуноне маълум шуд, ин сурудро Давлат Худоназаров коргардони номӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ аз Далер Назаров хоҳиш кардаст.

"Ин шеър ба ман бисёр таъсирбахш аст ва ба тамоми маънояш бароям азиз аст. Ман аз Далер хоҳиш кардам, ки ин шеъри шоири нотакрори тоҷик Лоиқ Шералиро ба мусиқӣ дарорад. Худи Далер ба матни суруд диққати вижа дорад ва офаринаш бод. Ман мехостам, ки ӯ аз эҷодияти Лоиқ Шералӣ бештар сарояд, то тоҷикон бидоданд, ки онҳо ситораи бузург доштанд",-гуфт Давлат Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Беш аз ду соат Далер Назаров бо овози зинда, рӯзи 22 март дар толори консертии "Оркестрион"-и Маскав ҳунарнамоӣ кард.

Консертро маэстро бо суруди "Мастам, мастам" ба анҷом расонд.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Дар охир гурӯҳи эҷодии Далер Назаров Давлат Худоназаровро ба саҳна хонда ӯро бо гулдастае хуш бо зодрӯзаш табрик кард.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд