Шоми имрӯз, 22 март дар Душанбе бо иштироки сокинони ҷумҳурӣ, ҳунармандон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сиёсатмадорони кишвар таҷлили Наврӯз оғоз шуд.
Рӯзи дувум аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз идома меёбад.
Пештар дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳр бори аввал Наврӯз бо баргузори Корвони наврӯзӣ таҷлил гардид.
Дар “Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси ва мақомдорону меҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд.
“Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" дар шаҳри Душнбе бо сухани табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас ҳазорҳо ҳунармандону ҳаваскорон бо либосҳои рангорангу зебо иштирок намуданд. Ҷавонон саргарми рақсу бозӣ ҳастанду болои мошинҳо зебо аз майдон мегузаранд.
Мақомоти шаҳр Душанбе ба хотири ҷашни Наврӯз имрӯз аксари роҳҳои маркази пойтах баста аст. Ҳазорҳо нафар бо либосҳои зебову рангоранг ба кӯчаҳои Душанбе рехтаанд.