Далер Назаров имрӯз дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Ҳунарманди маъруфи тоҷик Далер Назаров имрӯз дар пойтахти Русия консерт медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Далер Назаров, ҳунарманди номии тоҷик дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ҳунарманд дар Фейсбук хабар дода мешавад.

Ҳунарнамоии Далер Назаров дар ду шаҳри бузурги Русия - Маскав ва Екатеринбург дар назар аст. Дар шаҳри Екатеринбург 19 март аллакай баргузор шуд.

Далер Назаров аз шӯҳрат, сирри эҷодиёт ва мактабе, ки то ҳол ташкил карда натавонист

Дар Маскав бошад, имрӯз соати 19:30 дар толори консертии "Оркестрион" барномаи ҳунарии Далер Назаров оғоз хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки консерти имрӯза тариқи шабакаи YouTube мустақиман пахш шавад.