ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Фурудгоҳи байналмилалӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдоми наврӯзӣ ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе амалӣ шудааст.
“Минбаъд меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣметавонанд аз ин Гӯшаи иттилоотӣ дар бораи минтақаву мавзеъҳои тамошобоб, имкониятҳои сайёҳиву гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишвар, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ маълумоти кофӣ бигиранд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Мақомоти фурудгоҳи байналмилалӣ зикр намудааст, ки гӯшаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хоҳишмандон маълумот ва иттилооти лозима дастрас хоҳанд кард.