Дар Перм шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даъват ба ДОИШ дастгир кардаанд

Зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Перми Русия ҳамватанони худро ба сафи гуруҳҳои террористии ДОИШ ҷалб мекардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Шуъбаи тафтишотии ФСБ Русия дар минтақаи Перм нисбати зодаи Тоҷикистон Айёмидин Мухторов, ки ба ҷалби ҳамватанони худ ба сафи гуррҳҳои террористӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, иттилоъ додааст “Коммерсант”.

Ба маълумоти ниҳоди тафтишотӣ, Мухторов фаъолияти худро оид ба ҷалби ҳамватанонаш ба сафи гуруҳҳои ДОИШ ба Сурия аз моҳи майи соли 2018 оғоз намуда то феврали соли 2019 давом додааст. Вай ба Перм ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ омада дар сохтумонҳо ёрдамчӣ шуда кор мекардааст.

Як тоҷики бандӣ дар Русия барои ифротгароӣ 7 соли дигар зиндонӣ шуд

Дар шаҳри Перм ӯ ба таври фаъолона ҳамватанони худро барои ҷиҳод ба сафи гуруҳҳои террористии ДОИШ ба Сурия даъват мекардааст.

Ҳамчунин Мухторов ҳангоми мулоқот бо ҳамватанонаш сабтҳои видиоии хислатҳои ифротгароидоштаро нишон медодааст.

Дар як видеое, ки ӯ ба ҳамватанонаш нишон дода будааст, як марди дорои симои шарқиёна нақл мекардааст, ки чӣ гуна ба сафи ДОИШ пайваста ҷангидааст ва ҳоло соҳиби бойгарии бузург шудааст.

Аммо то ҳол маълум нест, ки ба Мухторов муяссар шудааст, ки ягон ҳамватани худро ба Сурия равон кунад, ё не.

Ӯро 23 феврали соли равон кормандони ФСБ Русия дастгир карда буданд. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар вилояти Иваново додгоҳи марди муҳоҷире, ки аз фаъолиятҳои дӯсташ огоҳ будааст ва ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат накарда будааст, баргузор гардид. Ба маълумоти додгоҳ мард медонистааст, ки дӯсташ бо гуруҳҳои террористи ҳамкорӣ доштааст ва ба мақомот хабар надода будааст.