Авто барои раисҷумҳур: Назарбоев ва Тоқаев савори кадом мошинанд?

Раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва раисҷумҳури кунунии ин кишвар савори мошинҳои сиёҳи люкс ба ҷашни Наврӯз омаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Рақами мошини президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иваз шудааст, менависад Sputnik Қазоқистон.

Назарбоев ҳамакнун савори Maybach бо рақамҳои 001QR (рақамҳои пешин 01KZ) мебошад. Худрави президенти нави ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев-Мercedes Maybach бо рақамҳои 001KZ аст.

Авто барои раисҷумҳур: Назарбоев ва Тоқаев савори кадом мошинанд?

Токаев ва  Назарбоев барои таҷлили Наврӯз ба пойтахти Қазоқистон омаданд. Президенти аввалини ин кишар Назарбоев дар тан чапани миллӣ бо нақшу нигори зарҳалӣ  дошту, ба навхонадорон дуо дод.

Авто барои раисҷумҳур: Назарбоев ва Тоқаев савори кадом мошинанд?

Рӯзи 19 март Нурсултон Назарбоев истеъфо дод.

"Ман қарори ғайриоддӣ қабул кардам": муроҷиати Назарбоев ба халқ-видео

Пас аз як рӯз Тоқаев президенти ин кишвар эълом шуд. Яке аз қарори нахустини президенти нав иваз кардани номи пойтахт аз Остона ба Нурсултон буд. Ҳамчунин кишвардори нав пешниҳод карда, ки ҳамаи кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Қазоқистон ба номи Нурсултон гузошта шаванд. Парлумон ин пешниҳодро дастгирӣ кард.

Авто барои раисҷумҳур: Назарбоев ва Тоқаев савори кадом мошинанд?