“Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ": беҳтарин аксҳо аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе

Sputnik

Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Пас аз суханронии табрикии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барномаи идона “Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" оғоз гардид.

Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. 

“Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар - рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе меҳмонони хориҷӣ иштирок карда, ин чорабинии бошукӯҳро тамошо намуданд.

1 / 17
21 марти соли равон дар Душанбе Наврӯзро таҷлил карданд
2 / 17
Дар майдони Дӯстӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз оғози барномаи фарҳангии наврӯзӣ суханронӣ кард
3 / 17
Пас аз суханронии табрикии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барномаи идона “Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" оғоз гардид
4 / 17
Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок кард
5 / 17
Сипас сайри идона дар томоми минтақаҳои Тоҷикистон оғоз гардид
6 / 17
Ҳунармандони маҳалӣ сокинони пойтахтро бо сурудҳои худ шод карданд
7 / 17
Барои тамошои барномаҳои наврӯзӣ мардуми зиёде ҷамъ омада буд
8 / 17
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” арзи сипос намуд
9 / 17
Дар ин рӯз занону духтарон ба кӯчаҳои Душанбе бо либосӣ миллӣ баромаданд
10 / 17
“Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатиро дар бар гирифт
11 / 17
Духтарони ҷавон либосҳои миллии арусиро намоиш доданд
12 / 17
Ҷашнро бидуни суфраи Ҳафт син тасаввур кардан душвор аст
13 / 17
Рақосаҳо бо либосҳои зебо меҳмононро бо фарҳангу анъанаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ошно сохтанд
14 / 17
Бояд таъкид намуд, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуд
15 / 17
Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷик намоиш дода шуд
16 / 17
“Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он надимони “Баҳор” рақси фариштаро иҷро карданд
17 / 17
Сайри идона то шом идома ёфта, бо оташбозӣ хотима меёбад