Раҳмон 17-уми апрел вориди Маскав мешавад

Пештар дар бораи сафари раисҷумҳур ба Русия хабар дода шуда буд, аммо санаи дақиқи он маълум набуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Рӯзи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дақиқ шуд. Кишвардор 17-уми апрел вориди Маскав мешавад. Дар ин бора вазири молияи Русия Антон Силуанов хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ҳанӯз охирҳои моҳи феврал намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе Михаил Кораблин хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Русия меравад. Аммо рӯзи сафари раисҷумҳур дақиқ набуд.

Сафари Раҳмон ба Русия ва дархости Лавров дар мавриди муҳоҷирон аз Тоҷикистон - видео

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар Русия конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар баргузор шавад.

"Дар семоҳаи аввали соли равон ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба нақша гирифта шудааст, ки дар кори он, мо умед дорем, сарони Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзанд, ки аҳамияти ин конфронсро бештар ва ҳамкориҳои ду кишварро наздиктар мекунанд", -гуфта буд ӯ.