Ишқи ноком: "вақте аз дарё мурдаи дигарро мекофтанд, зани беҳушро пайдо карданд"

Зан пас аз ҷанҷол бо дӯстдоштааш худро ба дарё мепартояд. Аммо наҷотдтҳандагон, ки дар дарё ҷасади дигареро мекофтанд, шоҳиди ҳодиса шуда, занро берун меоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Панҷакент як зани ҷавонеро дар дарёи Зарафшон наҷот доданд, хабар медиҳад "Тоҷикистон таймс".

Бино бар иттилои манбаъ, зан сокини 27-солаи деҳаи Амондараи Панҷакент буда, гӯё пас аз ҷанҷол бо дӯстдоштааш худро ба дарё андохтааст.

"Ҳангоме, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, ба кофтукоби як ҷасад будаанд, ин занро, ки худро ба дарё партофтаву беҳуш шуда буд, пайдо карданд", - менависад манбаъ.

Вазири тандурустӣ дар ҳавопаймо як зани узбакистониро наҷот дод

Наҷотдиҳандагон ӯро дарҳол ба беморхона интиқол додаанд.

Моҳе пеш дар Душанбе кормандони Кумитаи фавқуллода зани 45-соларо, ки бо сабабҳои номаълум худро ба дарёи Душанбе партофта буд, наҷот доданд.

“18 феврали соли равон ба қисми навбатдории дастаи вокуниши сареъи шаҳри Душанбе хабар расид, ки зани ҷавоне худро дар ҳамин ҳавои сард ба дарёи Душанбе ҳаво дод. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва  ин зани ҷавонро аз гирдоби оби сард берун оварданд. Маълум гардид, ки вай сокини шаҳри Душанбе буда, 45 сол доштааст”, - навишта буд дафтари матбуотӣ кумита.