Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тотористонро ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов Маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳоро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон вориди Душанбе шуд

“Маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Тотористон қаноатбахш арзёбӣ карда шуд”, - таъкид намуд манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки бо назардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.

Зимни мулоқот тарафҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нафту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазбин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

“Аз имконоти бузурги таъминоти бозорҳои Тотористон бо меваю сабзавот ва полизиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд”, - афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Сафари президенти Тотористон ба Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз - 2019

Инчунин манбаъ, зикр намудааст, ки баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.

Кишвардори Тоҷикистон ва роҳбари Тотористон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шумориданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.