Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон: дар Душанбе муассисаҳои томактабӣ созед

Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Синои пойтахт гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 суханронӣ кард, дар ин бора хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Раисҷумҳур аз ҷумла қайд кард, ки дар замони муосир бояд барои инкишофи то мактабии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ӯ яке аз роҳҳои инкишофи ин бахшро ҷалби соҳибкорон ба сохтмони ин муассисаҳо медонад.

"Зарур аст, ки ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо, аз ҷумла бо роҳи ҷалби васеи бахши хусусӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ мунтазам зиёд карда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шавад",-гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Душанбе мактаби навро ифтитоҳ карданд

Ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур, имрӯз дар кишвар 636 муассисаи томактабӣ ва қариб 1700 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 143 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 31 муассисаи хусусӣ бо фарогирии 28 ҳазор нафар кӯдакон бо таълиму тарбия машғул мебошад, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 33 фоизи шумораи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Вале Эмомалӣ Раҳмон чунин шумораи муассисаҳои томактабиро қонеъкунанда намешуморад: "ҳарчанд ки ин нишондиҳанда дар миқёси мамлакат хеле назаррас мебошад, вале ҳанӯз талаботи торафт афзояндаро қонеъ карда наметавонад. Зеро бори дигар хотирнишон менамоям, ки муассисаҳои томактабӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ва омода намудани ӯ ба мактаб нақши асосӣ доранд".

Дар баробари ин, омӯзгорону устодон ва падару модарон бояд ба фарзандон як масъалаи муҳимро фаҳмонанд, ки сокини пойтахт будан ва дар муассисаи таълимии он таҳсил кардан ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.