“Крутой чувак” аз Душанбе дар "ТНТ" Тиматӣ, Воля ва тамошобинонро тасхир кард - видео

Кирил Медников, овозхони ҷавони тоҷикистонӣ, бо суруди муаллифияш дар барномаи “Песни”-и шабакаи телевизионии “ТНТ” доварон ва мухлисонро тасхир кард
Sputnik

Медников зимни муаррифии худ тариқи шабакаи “ТНТ” гуфт, дар шаҳри Душанбе зода ва ба воя расида, феълан дар Русия дар бахши магистратура таҳсил мекунад. Ӯ афзуд, ки  ҳамчунин дар чорабиниҳои гуногун тарҷумонӣ мекунад, чун ба забонҳо шавқи беандоза дораду кӯшиш мекунад, инро дар зиндагӣ кор барад.

"Гаппартоии" Николай Басков ба Юлдуз Усмонова-видео

“Мусиқӣ дар зиндагиям ҷойгоҳи махсус дорад ва ба таҳияи сурудҳои муаллифӣ ба таври ҷиддӣ соли гузашта оғоз кардам. Феълан бештар таҳияи сурудҳо бо забони англисиро хуш дорам”, - изҳор дошт Медников.

Ӯ сипас суруди “Photo of us”-ро иҷро карда, сазовори тавсифи доварон, аз ҷумла Тиматӣ, овозхони шинохтаи Русия ва ҳаҷвнигор Павел Воля шуд.  “Ты супер”  “крутой чувак”, - изҳор доштанд доварон дар хитоб ба Медников. Павел Воля, аз чеҳраҳои шинохтаи “ТНТ” гуфт, ояндаи Медниковро дар саҳнаи толорҳои бузурге мебинад, ки мухлисон бо ӯ ҳамовоз шуда, сурудҳояшро якҷо иҷро хоҳанд кард.

 

 

Қаблан ин овозхони ҷавони тоҷикистонӣ бо ҳунарнамоияш дар барномаи “The Voice of Poland 9”-и телевизиони Полша баҳои хуби доваронро сазовор шуда буд. Ӯ суруди “Hold Back the River”-и Ҷеймс Бейро иҷро карда, аз миёни доварон, ки дар ин барнома овозхонро намебинанд, ду нафарашон дар пайи ҳунарнамоии ӯ  рӯй ба саҳна оварданд ва баҳои хуб доданд.