Дар Бағдод бозгардонии кӯдакони тоҷикро аз Ироқ баррасӣ карданд

Бино ба маълумоти расмӣ дар давоми ду соли ахир ҳукумати Тоҷикистон тавониста 21духтару 20 писарро аз кишварҳои ҷангзада ба ватан баргардонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Бағдод масъалаи ба Тоҷикистон бозгардонидани кӯдакони тоҷикро аз Ироқ баррасӣ карданд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот ин масъаларо бо муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба Ҳозим ал-Юсуфӣ баррасӣ кардааст.

Дар баробаи ин ҷонибҳо, густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, мубориза бо терроризму экстремизмро муҳокима кардаанд.

Дар Ироқ 5 зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум карданд

Баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, иштироки ҷониби ироқӣ дар Саммити 5-уми давлатҳои аъзои МҲТБО ва Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи баланду олӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мақомоти қудратии ду кишвар таъкид ва доир ба вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистон табодули афкор кардаанд.

Ироқ ба Оиша иҷоза надод, ки ба Тоҷикистон бар гардад

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки то ин дам дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ва 92 кӯдакони ноболиғ ҳастанд, ки ҳукумат дар паи бозгардонии онҳо ба ватан аст.

Бино ба маълумоти расмӣ дар давоми ду соли ахир ҳукумати Тоҷикитон тавониста 19 хонавода, 61 нафар миёни онҳо 21 духтару 20 писарро аз кишварҳои ҷангзада ба ватан баргардонидааст.