Замон ва макони дафни Юлия Началова муайян шуд

Маросими дафни Юлия Началова, овозхони шинохтаи Русия рӯзи сешанбе баргузор хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Овозхони марҳум рӯзи сешанбе дар қабристони Троекуроваи шаҳри Маскав ба хок супорида хоҳад шуд, хабар додааст РИА Новости аз қавли шаҳрдории Маскав.

Даргузашти сарояндаи ҷавон Юлия Началова

Юлия Началова шоми шанбе бар асари аз кор мондани қалбаш дар синни 38-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи падари овозхони марҳум, қалби Юлия дар пайи сироятёбии хун аз кор мондааст.

Юлия Началова ҳафтае пеш дар бемористон бистарӣ шуда буд. Баъдтар намояндаи овозхон хабар дод, ки Юлия дар яке аз беморхонаҳои Маскав ташхиси умумӣ мегузарад.

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бошад, пойи Юлияро ҷарроҳӣ карданд, ки дар паи он хунравии беист ба амал омадааст. Расонаҳои Русия инчунин навиштаанд, ки овозхони марҳум мубталои бемории қанд будааст.

Аз Юлия духтарчаи 12-сола, Вера боқӣ монд. Вера духтари Юлия ва футболбоз Евгений  Алдонин мебошад, ки соли  2011 аз ҳам ҷудо шуда буданд.

Ю́лия Началова 31 январи соли  1981 дар Воронеж ба дунё омадааст.