Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

"Қудратиҳои қирғиз нагузоштанд, мошини Салиби Сурх ба Ворух доруворӣ барад"

Низомиёни қирғиз мошини Салиби Сурхро, ки ҳомили дору ва лавозимоти тиббӣ будааст, нагузоштаанд ба Ворух равад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, қудратиҳои қирғиз барои ҳаракати мошини созмони Салиби Сурх ба деҳаи дар муҳосирамондаи Ворух монеъ шудаанд.

Вакилзани тоҷик ба марз бо Қирғизистон рафт: парлумон гуфт, хомӯш нест

Ба иттилои масъулини шаҳри Исфара, мошини Салиби Сурх, ки ҳомили лавозимоти тиббӣ барои осебдидагони таниши ахири марзӣ дар деҳаи Ворух будааст, аз нисфирӯзи 16 март дар деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон дармондааст ва қудратиҳои қирғиз иҷозати ҳаракати онро сӯи Ворух то ҳол надодаанд.

Ҷониби Қирғизистон ин амали низомиёнашро то ҳол шарҳ надодааст. Салиби Сурх созмони башардӯстонае мебошад, ки бар пояи меъёрҳои бетарафию беғаразӣ ба осебдидагони даргириҳо кумак мерасонад.

Дар ҳамин ҳол музокироти навбатӣ бо ҳузури ноибони сарвазирони ду кишвар, вазирони умури дохилӣ, додситонҳои низомӣ ва фармондеҳони мақомоти марзбонӣ ба анҷом расид. Дар бораи тавофуқоти ҳосилшуда то ҳол хабаре нест, аммо сокинони навоҳии наздимарзӣ мегӯянд, роҳ аз Исфара ба Ворух, ки тариқи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ҳанӯз баста мебошад.

Қирғизистон сокинони ду деҳаи назди марзи Тоҷикистонро ба Ботканд кӯчонд

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсиро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.