FIFA мизбони навро дақиқ кард: мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Бразилия меравад

Ҷаласаи шӯрои FIFA, ки дар Майамӣ гузашт, Бразилияро мизбони нави чемпионати ҷаҳон – 2019 дар риштаи футбол миёни ҷавонони то 17-сола таъин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод. Қаблан дар назар буд, ки Чемпионати ҷаҳон – 2019 дар Перу баргузор гардад. Аммо комиссияи Федератсияи байналмилалии футбол - FIFA, моҳи феврали соли равон, зимни боздид аз Перу қарор кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз кунад.

ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

“Ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд”, - иттилоъ дода буд FIFA

Қарори баргузории чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Он замон дархости Руанда бо сабаби мушкилоти тадорукотӣ рад шуда буд. Тибқи тақвими мусобиқот, чемпионат бояд аз 5 то 27 октябр баргузор шавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби ҷавонони Англия мебошад.

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.