Зуҳуров вакилонро ба ҷаласаи муштараки палатаҳо даъват кард

Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 29 март, соати 14:00 дар Душанбе баргузор мешавад
Sputnik

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вакилонро ба ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум хондааст.

Дар ин бора вебгоҳи Маҷлиси намояндагон бо нашри намунаи қарори Зуҳуров хабар додааст.

"Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум          29 марти соли 2019  соати 14: 00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар санад.

Баррасии нақлиёти пойтахт ва тасдиқи қарорҳои Рустам Эмомалӣ: оғози кори вакилони Душанбе

Пештар, аввалҳои моҳи март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардида буд.

Аъзои Шӯро дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо — лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”,  “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин барои бораи нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.