Варзишгоҳ бо 30 ҳазор нишастгоҳу минбари воломақомҳо дар Душанбе чигуна хоҳад буд – 5 акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ дар Душанбе, ба сохтмонӣ варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад. Масоҳати майдони футбол дар ин варзишгоҳи замонавӣ 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ошёнаи якуми фазоӣ, зерминбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ бунёди хонаҳои либосивазкунии варзишгарон ва ҳакамон, ҳаммом ва нуқтаи тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо толорҳои машқу тамрин ва каҳвахонаҳо сохта мешавад.

Раҳмон: "норасоии ҷойҳои нишастро дар мактабҳои Душанбе аз байн мебарем"

“Барои меҳмонон бунёди ҳуҷраҳои алоҳида бо шумораи умумии 448 ҷой, майдончаҳои сайругашт дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.Дар минбари ғарбии варзишгоҳ дар баландии бештар аз 18 метр ҷойҳои нишасту тамошо барои меҳмонони воломақом бунёд мегардад. Ҳар як минбар ё қисмати Варзишгоҳ дорои баромадгоҳи алоҳида хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.  

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар шаҳри Душанбе танҳо дар давоми ду соли охир беш аз 170 майдончаи варзишӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.