Ронандаҳо дағал, мошинҳо чиркин, мусофирон зиёд: раиси Душанбе 8 камбуди нақлиётро гуфт

Вакилони халқи шаҳри Душанбе, имрӯз таҳти раёсати шаҳрдор Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи ҳаждаҳум камбудиҳои нақлиёти мусофирбарро баррасӣ карда, барои рушди соҳа қарор қабул кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат дар мавриди нақлиёти ҷамъиятии пойтахт камбудиҳои бахшро зикр кардааст.

Шаҳрдорӣ ҷузъиёти роҳбандиҳои 10-рӯзӣ ва қатъи ҳаракати троллейбусҳо дар Наврӯзро гуфт

Ӯ аз ҷумла ҳолатҳои аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон, танбашавии нақлиёт, дар ҷойҳои мамнуъ манъ кардани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати  санитарии дохили онҳо, сару либоси ронандагон, аз хатсайри муайяншуда баромадани нақлиёт, ба талабот ҷавобгӯ набудани намои берунии таксиҳо, муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофиронро зикр кардааст.

Шаҳрдори Душанбе ба масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинон ва раисони навоҳии пойтахт дастур додааст, ки камбудиҳои мазкур бартараф карда шаванд. Рустами Эмомалӣ инчунин таъкид кардааст, ки татбиқи пурраи пардохти электронии  роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ҷоннок карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе ба масъулин ва нозирони роҳ барои бартарафсозии барзиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт як моҳ муҳлат дода буд.

Умед Ҷайҳонӣ ҷойгузини “шустушӯи нақлиёт”-ро пешниҳод кард

Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ  Фирдавс Саидзода, ноиби шаҳрдор дар умури нақлиёт ва масъулини нозирони роҳро муваззаф кард, намояндагони ҷамъиятҳоеро, ки дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд, ҷамъ оранд ва масъаларо ба онҳо фаҳмонанд.

Ноиби аввали шаҳрдори Душанбе ба масъулин  ҳушдор дод, модоме, ки масъала ҷой дораду онҳо аз уҳдаи ҳал намебароянд, боқимондаи нозирони БДА низ аз роҳҳои пойтахт бардошта мешаванд.

“Расо як моҳ муҳлат. Ҳамин масъаларо аз байн гум кунед. Набошад, мондагӣ нозирони БДА-ро аз қаламрави Душанбе мебардорем”, - ҳушдор дода буд Зувайдзода.

Аммо сокинони Душанбе мегӯянд бо вуҷуди ин ҳушдорҳо дар роҳҳои пойтахт камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз меъёр зиёд бор кардани мусофирон ба таври хеле густурда ҷой дорад.