Раҳмон: "норасоии ҷойҳои нишастро дар мактабҳои Душанбе аз байн мебарем"

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мақсади аслӣ аз бунёди мактабҳои нав дар пойтахт аз байн бурдани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имрӯз бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе боз як иншооти нави таълимӣ ба баҳрабардорӣ расид. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ сохтмони мазкур дар назди мактаби рақами 18 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд гардида, барои 1560 ҷойи нишаст бунёд гардида, аз 4 ошёна, 38 синфхона, аз ҷумла, кабинетҳои фаннию озмоишӣ ва компютерӣ, шоҳмот ва рассомӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ, инчунин китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Қайд мешавад, ки дар ин дабистон ҳамчунин синфхонаи алоҳида барои маркази инкишофи кӯдак омода ва таҷҳизонида шудааст.

"Мақсади асосии мо аз бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе дар баробари аз байн бурдани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои пойтахт баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад".

Чин ҳам дар Тоҷикистон се мактаб месозад

Эмомалӣ Раҳмон кори маорифчиёнро дар солҳои охир қаноатбахш хонд.

"Нишондиҳандаҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки аҳли маорифи пойтахт дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд.Аз ҷумла дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе филиалҳои Маркази рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, дар онҳо кӯдакону наврасони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд",-гуфт раисҷумҳур.

Ба итилои хадамоти матбуотӣ, соли 2018-ум хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 149 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 78 ҷой зиёд аст.

Шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад, ба 213 нафар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 86 нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дохилшавии хатмкунандагони пойтахт ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 25 фоиз ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат 54 фоиз афзудааст.