Раҳмон дар бораи ҳамла ба масҷидҳо: ин боз нишон медиҳад, ки терроризм дину миллат надорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи тасаллият ба Ҷасинда Кейт, сарвазири Зеландияи Нав аз ҳамлаи террористӣ ба масҷидҳо дар ин кишвар изҳори андуҳ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба хонум Кейт изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Навро бо камоли андуҳ ва нафрати беандоза дарёфт кардааст.

Ёди дабири кулли СММ аз террор дар Данғара: чӣ кунем, ки террористон ба мақсад нарасанд?

Ӯ таъкид кардааст, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, бори дигар асли терроризмро нишон медиҳад.

“Ин ҳодисаи фоҷеабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқия.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав, наздикону пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, барои маҷрӯҳшудагон шифои комил хостааст.

Ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав 15 март қабл аз намози ҷумъа рух дода, дар натиҷа 49 нафар кушта шудаанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, феълан дар робита ба ин амали террористӣ 4 нафарро боздошт кардаанд.