"Барқи тоҷик" пас аз хомӯшӣ эълом кард, ки чаро "лимит" дубора ҷорӣ шуд

Масъулини ширкат ваъда медиҳанд, ки "лимит" то ҷашни Наврӯз пурра бардошта мешавад ва сабаби барқкушӣ дар корҳои таъмириву профилактикӣ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар - Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" пас аз хомӯшии тӯлонӣ далели "лимит"-и барқ ё маҳдуд шудани интиқоли барқро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар шарҳ дод.

Масъули ширкат дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ховар" тавзеҳ додааст, ки далели барқкушӣ дар чист.

Шикояти сокинон аз “лимит”-и баҳорӣ ва хомӯшии “Барқи тоҷик”

Сухангӯи барқи тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ ин маҳдудиятро дар "корҳои таъмирию профилактикӣ" иртибот додааст.

"Маҳдудияти интиқоли неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад", - гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Ёдгорӣ, "лимит" то таҷлили ҷашни Наврӯз бардошта мешавад.

Ёдрас мешавем, чанд ҳафтаи ахир сокинони Тоҷикистон аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар хабар дода буданд, ки дар маҳалҳои онҳо рӯзона ё шабона барқро хомӯш мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамин ҳол, касе тавзеҳ намедиҳад, ки барқ барои чӣ ва то кай хомӯш карда мешавад.