ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Шаҳдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ қарори нав имзо кардааст.
Гуфта мешавад, санад бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2019, №25480 (26.7) таҷлили Иди байналмилалии "Наврӯз", таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ ба тасвиб мерасад.
Мувофиқи ҳуҷҷат марафони велосипедронӣ 16 марти соли 2019, аз соати 8:00 то 9:00 ва дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 баргузор мешавад.
"Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд", - омадааст дар банди севуми қарор.
Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабиниҳои варзишии зикргардида таъмин намоянд.
Ёдрас мешавем, имсол тоҷикистониён дар ҷашни Наврӯз 6 рӯз, аз 21-ум то 26-уми март истироҳат мекунанд.