ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Давҳа вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон даъватномаи Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои иштирок дар нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, тақдим намуд.
Дар ҳамин ҳол, доктор Аҳмад ал-Ҳамодӣ барои даъватнома изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки ҷониби Қатар ташаббусҳои раҳбари олии Тоҷикистонро дар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ баланд арзёбӣ мекунад ва аз онҳо ҷонибдорӣ менамояд.
“Ӯ изҳор дошт, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Қатар қарор дорад ва дар ин росто Давлати Қатар дар корҳои омодасозӣ ва баргузории Саммити МҲТБО дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок хоҳад кард”, - таъкид намудааст манбаъ.
Инчунин зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.