Футболбозони тоҷик марҳилаи омодагиро бо бохт дар АМА ба анҷом расониданд

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Мактум Бин Рашид Ал-Мактум”-и шаҳри Дубай бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб хотима ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи  пеш аз охири омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар  шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ба анҷом расонид, иттилоъ додааст Федератсияи Футболи Тоҷикистон. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шоми дирӯз дар дуввумин вохӯрии таҷрибавӣ  бо олимпичиёни ин кишвар дидор анҷом доданд.

Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Вохӯрӣ  дар варзишгоҳи “Мактум Бин Рашид Ал-Мактум”-и  шаҳри Дубай  гузаронида шуда,  бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб  хотима ёфт. Ҳамаи тӯбҳо дар нимаи дуюми вохӯрӣ вориди  дарвоза гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 8 март дар аввалин вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби олимпии АМА бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада буд.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев дар ҳайати даста 6 бозингарро иваз карда, ҳамаи бозингаронро аз назар гузаронид. Ягона тӯбро аз дастаи мунтахаби кишварамон  ҳамлагари дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе Тоҳир Малодустов  ба нишон  расонд.

Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 13 март ба Душанбе бармегардад ва баъди ду рӯз барои гузаронидани ҷамъомади охирини машқию омӯзишӣ ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафар мекунад. Пас аз анҷоми ҷамъомад 20 март олимпичиёни кишвар барои иштирок дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F” ба  шаҳри Тошканд ҳозир хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (24 март) ва Узбакистон (26 март) бозиҳояшро анҷом медиҳад.