Шикояти сокинон аз “лимит”-и баҳорӣ ва хомӯшии “Барқи тоҷик”

Ширкати “Барқи тоҷик” далели маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии кишварро, ки баҳори ҷорӣ оғоз ёфтааст, ҳанӯз шарҳ надодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз як ҳафта нерӯи барқро бо маҳдудият мегиранд.  Ба гуфтаи истиқоматкунандагони навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, аз соати 11-12-и шаб то 6-и субҳ ва рӯзона аз 9 то 17:00 интиқоли барқ ба навоҳӣ қатъ карда мешавад.

Раисиҷумҳур сармуҳандис дар “Роғун”-ро аз вазифа озод кард

Дар сомонаи “Барқи тоҷик” таъкид шудааст, ки суоли шаҳрвандон дар мавриди маҳдудияти интиқоли барқ ба баррасӣ гирифта шудааст, аммо посухе ҳанӯз ироа нагардидааст.

Ин дар ҳолест, ки тирамоҳи гузашта низ чунин маҳдудият ҷой дошт ва масъулини “Барқи тоҷик” онро ба тармим дар шабакаҳои барқ рабт дода буданд. Тирамоҳи гузашта яке аз сабабҳои маҳдудияти интиқоли барқ, зарурати захираи об барои оғози кори чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” арзёбӣ мешуд. Фаъолсозии чархаи дуюми нерӯгоҳ моҳи апрел дар назар аст.  

Раҳмон: оғози кори “Роғун” ва тақвияти ҳамкорӣ бо Узбакистон дастоварди муҳим аст

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон иттилоъ дода шуд, ки тавлиди барқ дар нерӯгоҳи “Роғун” мутаваққиф ва сатҳи об дар обанбори он поин оварда шудааст.

Масъулини НБО “Роғун” ин амалро раванди муқаррарии профилактикӣ гуфта, таъкид карданд, ки корҳо дар “Роғун” тибқи нақша ва зери назорати роҳбарияти кишвар идома доранд. Мусоҳиби Sputnik гуфт, баъди анҷоми корҳои иловагӣ оби обанбор то сатҳи зарурӣ боз пур карда мешавад ва интизор меравад, ки моҳи апрел чархаи дуюми нерӯгоҳ мавриди истифода қарор дода шавад.