Дар навор дида мешавад, ки Путин дар пойга аспсаворӣ мекдунад. Дар бари вай занон дар тан либоси пулис дар аспҳои сафед нишастаанд.
Дар навор дида мешавад, ки ҳамроҳ бо Путин ҳашт апс бо савориёни худ мераванд. Чанд аспи дигар дар атрофи пойгоҳ истодаанд.
Президенти Русия Владимир Путин дар арафаи Иди бонувон ба полки якуми оперативӣ рафтааст.
Ҳангоми боздиди пойгоҳ раисҷумҳур аспсаворӣ кардааст. Махсус барои Путин аспи қаҳварангеро пешниҳод кардаанд.
Путин чанд маротиба гирди пойгаро бо асп давр задааст. Дар навор танҳо чанд лаҳзаи он намоиш дода мешавад.
Полки опретивӣ дар Русия вазифаи пулиси сайёҳиро адо мекунад. Дар он ҳудуди 400 корманд ҳангоми адои хизмат аз асп истифода мекунанд.