ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати БАТР таҳти роҳбарии Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад, мулоқот анҷом дод.
Манбаъ таъкид намудааст, ки мавзӯи асосии музокирот баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон дар панҷ соли оянда будааст.
Бонки миллӣ хабар додааст, ки ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва муайян кардани иқтидори бахши хусусӣ маҳсуб меёбад.
“Муовини якуми Раиси Бонки миллӣ таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, муайян намудани афзалият барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар такя ба бахши хусусӣ ҷалб намуд”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҷамолиддин Нуралиев зарурати ба инобат гирифтани самтҳои афзалиятноки кишвар дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои солҳои минбаъд бо таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии лоиҳаҳои бахши идоракунии давлатӣ ва маблағгузории самти обтаъминкунӣ аз ҷониби БАТР, инчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Нил Маккейн зикр кард, ки омӯзиш ва таҳлили бахши хусусӣ натиҷаи фаъолияти ҳайати БАТР дар Тоҷикистон хоҳад буд ва асоси Стратегияи ҳамкории БАТР-ро барои Тоҷикистон ташкид медиҳад.
“Бинобар ин, омӯзиши мазкур барои фаъолияти сармоягузории ҷорӣ ва минбаъда, ки бевосита барои ҷалби ислоҳоти сохторӣ ва соҳавии кишвар нигаронида шудааст, афзалият хоҳад дод”, -гуфт Нил Маккейн.
Вай инчунин изҳор дошт, ки дар доираи Стратегияи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар рушди бахши молия, тиҷорат ва бахши хусусӣ дар назар аст.
“Фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд”, - афзуд Нил Маккейн.