Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар барои даъвати иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Рустами Эмомоалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор дар бораи даъвати иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷумро ба имзо расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.  15 марти соли 2019 Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Бино бар иттилои манбаъ, дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Рустам Эмомалӣ ба кандани роҳи мошингард дар хиёбони Рӯдакӣ иҷозат дод

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе доир ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум шунида шуда, масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳр  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи ин  иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати панҷум  бояд аз 5 то 13 марти соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи мазкур  оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарор  мазкур Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки  бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таваҷҷуҳи  сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.