ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шумораи умумии хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд тайи 5 сол ду баробар афзудааст, иттилоъ додааст RT бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия.
Дар соли 2018 дар маҷмуъ 269,4 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд, ин дар ҳолест, ки шумораи онҳо дар соли 2013, 135,8 ҳазор нафарро ташкил медод.
Шумораи зиёди хориҷиёни шаҳрвандӣ ба дастовардаро зодагони Украина (83 ҳазор одам) ташкил додаанд. Дар ҷойи дуюм Қазоқистон – 45,3 ҳазор, Тоҷикистон – 35,7 ҳазор, Арманистон – 27,1 ҳазор, Узбакистон – 21 ҳазор, қарор гирифтаанд.
Ба маълумоти ВКД Русия зиёдшавии ин нишондод ба институти шаҳрвандӣ дар Русия ва сохтани ихтисосҳои нав барои пайдо кардани шаҳрвандии кишвар имкони аз навсозӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ВКД тағйирот ба қонунгузории кишвар барои пайдо кардани шаҳрвандии Русияро, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ дар амал татбиқ мешавад, шарҳ дода буд.
Мувофиқи ин тағйирот волидайни дорои қобилияти меҳнатӣ метавонанд дар асоси шаҳрвандии фарзандонашон ба таври имтиёзнок ва бе интизории муҳлати 5 солаи иҷозаи иқомат соҳиби шаҳрвандии Русия гарданд.
Дар ин ҳол фарзандони онҳо бояд шаҳрванди Русия ва 18 солагиро пур карда бошанд.