ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва кормандони кӯдакистони “Радуга” ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” рафтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ҷойгир шудааст.
“Татяна Юревна, роҳбари кӯдакистони “Радуга” барои саҳми арзандаашон дар тарбияи кӯдакони маъюб сипоси худро ба кормандони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” баён намуд. Инчунин вай занонро ба фарорасии ҷашни Рӯзи Модар табрик кард”, - таъкид намудааст манбаъ.
Тарбиятгарони кӯдакистони “Радуга” ба кӯдакони маъюб Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” саҳнаҳои эъҷодӣ таҳия карданд. Баъд аз ин афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” 300 баста рахти хоб тақдим карданд. Аз ҷумла ба тарбиятгарони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” бистар, кампал ва болишт тақдим карда шуд.