“Қассос” дар хизмати ҳарбӣ бо 1 соли зиндон анҷомид

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе сарбоз Ҳабибулло Ойевро барои латукӯби ҳамхидматаш ба 1 соли зиндон маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомӣ, Ойев аз шаҳри Ваҳдат ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, моҳи апрели соли 2017 ба қисми марзбонӣ дар ноҳияи Лахш  фиристода шудааст.

Мӯйкании донишҷӯдухтарони хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе

Манбаъ афзуд, ки Ойев шоми 12 октябри соли 2018 қаторӣ Дустов Русланҷонро, барои он ки қаблан дар дидбонгоҳи  дигар ӯро кӯфтааст, бо сар зарба задааст.

“Ойев бо баҳонаи он, ки гӯё қаблан ҳангоми дар дидбонгоҳи якуми сарҳадӣ аз тарафи Дӯстов мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтааст, ӯро ба назди ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ даъват намуда, бо истифода аз торикии шаб бо каллааш як зарбаи сахт ба бинии Дустов задааст”, - иттилоъ дод додгоҳ.

Ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ, ки 3 январи соли 2019 гузаронда шудааст, ҷароҳати Дӯстовро дар намуди шикасти устухони хараки бинӣ бо беҷошавӣ, латхӯрии бофтаҳои мулоими ин қисмат ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ арзёбӣ кардааст.

Додгоҳ Ойевро дар нақзи қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ гунаҳкор дониста, моҳи феврали соли равон ба як сол маҳкум кардааст.