ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дастгиршуда бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои ҳуҷҷатгузорӣ ва додани шаҳодатномаи саҳми замин ба ду марди 58 ва 28-сола, сокинони ноҳияи Спитамен 3 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
“Ӯ рӯзи 2-юми марти соли 2019, тахминан соати 11:35-дақиқа, ҳангоми гирифтани маблағи пулии 3 000 сомонӣ ба сифати пора дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кард, ки феълан алайҳи дастгиршуда барои порагирӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон бар асоси фармони раисиҷумҳур, дар Додситонии кулли Тоҷикистон раёсати ҷадид ташкил шуд, ки иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи заминро назорат хоҳад кард. Тибқи ин фармон, раёсати нави назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замин ба сохтори дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон ва низоми идории ин ниҳод ворид карда шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи қонунҳо дар бахши замин, аз фурӯши ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошта буд, ки он дар ҳоли табдилшавӣ ба як дарди бедавост. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мубориза бо ин раванд пурзӯр карда шавад.