ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, тахминан соати 14:30 ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Гулов Амрулло, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Чун-Чай” бархӯрдааст.
Манбаъ изҳор дошт, ки дар пайи бархӯрд бо автомашинаи Чун-Чай”, ки таҳти идораи Абдураҳмонов Хуршед, сокини 40-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доштааст, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Гулов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.