“Таъхири парвози ҳавопаймо аз Санкт Петербург ба Тоҷикистон”

Бар асари барфрезии шадиду бӯрон парвози ҳавопаймои ширкати “Somon Air” аз шаҳри Санкт Петербург ба Тоҷикистон ба таъхир афтодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Парвози ҳавопаймои “Somon Air” аз фурудгоҳи Пулково ба Тоҷикистон барои беш аз 5 соат, то 17:00 ба таъхир гузошта шудааст, хабар доданд расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод

Манбаъ аз қавли масъулини “Somon Air” изҳор доштааст, ки мусофирон бо ғизои гарму нӯшокиҳо таъмин хоҳанд шуд.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки бар асари ҳавои номусоид бархе ҳавопаймоҳо натавонистаанд дар Пулково фуруд оянд ва ба фурудгоҳҳои дигар равона шудаанд.

Ширкати “Somon Air”, ахиран баъди дучори мушкил шудани “Тоҷик Эйр” ягона ширкати фаъоли тоҷикистонӣ дар бозори мусофирбарии байналмилалӣ шуд.

Қаблан ин ширкат иттилоъ дод, ки аз 1 феврал дӯконҳои чиптафурӯшияш 24 соат шабонарӯз ба мусофирон хидмат хоҳанд расонд

Тибқи иттилои “Сомон Эйр”, мизоҷон метавонанд дар ин дӯконҳо, бидуни миёнарав чиптаҳои ҳавоиро дастрас кунанд.